Русия ва КНДР: муносибатҳои иттифоқӣ дар пасманзари ҷашнҳо дар Пекин – ИА Караван Инфо
Русия ва КНДР: муносибатҳои иттифоқӣ дар пасманзари ҷашнҳо дар Пекин

МОСКВА, 3 сентябри соли 2025 АИ «Караван Инфо». Мулоқоти президентҳои Русия ва КНДР Владимир Путин ва Ким Чен Ин дар пасманзари ҷашнҳои байналмилалӣ дар Пекин бахшида ба 80-солагии Ғалаба бар Ҷопон ва анҷоми ҷанги Дуюми ҷаҳонӣ баргузор шуд. 

“Мо аз субҳ ба қадри кофӣ якҷоя будем, дар чорабиниҳои тантанавӣ, ки дӯстони чинии мо баргузор менамуданд, иштирок намудем. Мехостам қайд кунам, ки ҳамаи ин чорабиниҳо хеле хуб гузаштанд ва бевосита ба кишварҳои мо дахл доранд, — изҳор дошт В. Путин, ки хусусияти иттифоқчии муносибатҳо бо КНДР ва қаҳрамонии хизматчиёни ҳарбии Кореяро дар вилояти Курск таъкид намуд.

Раҳбари Русия инчунин барои иштироки КНДР дар муборизаи муштарак бо неонатсизми муосир изҳори сипос намуд.

Ким Чен Ин қайд намуд: “Муносибатҳои байни кишварҳои мо дар ҳама ҷиҳатҳо рушд мекунанд. Мо ҳама корро мекунем, то ба Русия кӯмак расонем, зеро онро қарзи бародарӣ мешуморем.

Ҳамкорӣ дар ҳама соҳаҳо сурат мегирад ва мо бояд барои некӯаҳволии халқҳоямон муваффақиятҳои бузург ба даст орем.”

Музокирот дар фазои боваринок ва дӯстона сурат гирифт, ки ин тақвияти шарикии стратегии байни Москва ва Пхенянро инъикос мекунад.

Ёдовар мешавем, ки музокироти ду раҳбар 1,5 соат давом намуд. Пас аз анҷоми гуфтушунидҳо Путин ва Ким Чен Ин муоширати тет-а-тетро идома доданд.

Солҳои охир Русия ва КНДР муносибатҳои дуҷонибаро дар соҳаи амният, иқтисод ва ҳамкории низомӣ фаъолона рушд медиҳанд, ки ин мақоми иттифоқчиён ва ӯҳдадориҳои мутақобилаи онҳоро дар шарикии стратегӣ таъкид мекунад.

 Ёдовар мешавем, ки пас аз истиқболи тантанавӣ ба ифтихори 80-солагии анҷоми ҷанги дуюми ҷаҳонӣ президентҳои Русия ва КНДР Владимир Путин ва Ким Чен Ин якҷоя бо мошини «Аурус» ба қароргоҳи раҳбари русия «Дяоюйтай» барои гуфтушунидҳои дуҷониба омаданд.

Аксҳо: Кремл

error: