Қазоқистон ва Чин дар вилояти Туркистон нерӯгоҳи барқи офтобии 300 МВт месозанд
Пекин, 3 сентябри соли 2025-АИ «Караван Инфо». Вазорати энергетикаи ҶҚ ва China Chergy Ggineering Group созишнома дар бораи сохтмони нерӯгоҳи барқи – офтобӣ бо иқтидори 300 МВт дар вилояти Туркистонро имзо намуданд. Маросим дар ҳузури президент Қасим-Жомарт Токаев баргузор шуд.

Ҳаҷми сармоягузорӣ ба лоиҳа 320 миллион долларро ташкил медиҳад. НБО дар ноҳияи Сауран ҷойгир намуда мешавад, сохтмон дар солҳои 2025-2026 ба нақша гирифта шудааст. Стансия амнияти энергетикии минтақаҳои ҷанубии Қазоқистонро тақвият медиҳад.
Вазири энергетика Ерлан Аккенженов қайд намуд, ки лоиҳа қадами муҳим ба сӯи бетарафии карбон хоҳад буд ва шарикии стратегӣ бо Чинро дар энергетикаи “сабз” амиқтар хоҳад намуд.
Аксҳо: Вазорати Энергетикаи ҶҚ