Остона, 3 сентябри соли 2025-АИ «Караван Инфо». Дар Қазоқистон аудити Созмони Байналмилалии авиатсияи шаҳрвандӣ (СБАШ) оид ба амнияти авиатсионӣ оғоз ёфт. Санҷиш аз санаи 2 то санаи 14 сентябр идома меёбад ва фурудгоҳҳои байналмилалии Остона ва Алмаато, инчунин ширкатҳои ҳавопаймоии Қазоқистонро фаро мегирад.

Муовини Вазири нақлиёт Талгат Ластаев бо дастаи аудиторони СБАШ, ки аз чор коршиноси байналмилалӣ иборат буд, мулоқот намуд. Мақсади аудит арзёбии самаранокии тадбирҳои таъмини бехатарии авиатсионӣ ва мутобиқати қонунгузории миллӣ ба стандартҳои байналмилалӣ мебошад.
Нишондиҳандаи амалкунандаи аудити ИКАО оид ба амнияти авиатсионӣ дар Қазоқистон 83% – ро ташкил медиҳад. Ҳукумати ҶК ният дорад, ки ин натиҷаро беҳтар кунад.
Аксҳо: Вазорати нақлиети ҶҚ