Қазоқистон ва Чин созишнома дар бораи лоиҳаҳои инфрасохтории нақлиётро имзо намуданд
Остона, 3 сентябри соли 2025-АИ «Караван Инфо». Ҳукуматҳои Қазоқистон ва Чин созишнома дар бораи татбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ дар соҳаи нақлиётро ба имзо расониданд. Ин санад ба таҳкими ҳамкориҳои техникию иқтисодии ду кишвар равона шудааст.

Маблағҳо ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак равона намуда мешаванд, ки ҷузъиёти онҳо шартномаҳои алоҳидаро муайян мекунанд. Созишнома пас аз анҷоми тамоми расмиёти зарурии дохилидавлатӣ аз ҷониби тарафҳо эътибор пайдо мекунад.
Ҳуҷҷат то пурра иҷро шудани ӯҳдадориҳои тарафайн оид ба лоиҳаҳои инфрасохторӣ амал мекунад.
Аксҳо: Вазорати нақлиети ҶҚ