МОСКВА, 3 сентябри соли 2025 АИ «Караван Инфо». Президенти Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган изҳор дошт, ки Анкара ва Маскав роҳи нави маблағгузории сохтмони Нерӯгоҳи Барқи Атомии “Аккую” – ро пайдо намудаанд.
Маблағҳо бевосита аз пардохтҳои гази русия, ки аз ҷониби “Газпром” ба ширкати туркии Botas интиқол дода мешавад, ворид намуда мешаванд.

Ба гуфтаи Эрдагон, механизми клиринг аллакай аз санҷиши муваффақ гузаштааст. Он имкон медиҳад, ки як қисми маблағҳои ҳисобҳои газ дар дохили Туркия гузошта шавад ва онҳо барои маблағгузории лоиҳаи атомӣ равона намуда шавад.
Ин равиш барои пешгирӣ намудани мушкилоти марбут ба таҳримҳо ва интиқолҳои байналмилалӣ тавассути системаҳои молиявии хориҷӣ кӯмак мекунад.
НБА “Аккую” аввалин нерӯгоҳи ҳастаии Туркия хоҳад буд. Он аз чор блоки энергетикӣ бо иқтидори умумии 4800 МВт иборат хоҳад буд ва метавонад то 10% талаботи кишварро ба нерӯи барқ таъмин кунад.
Дар аввал, оғози блоки аввал дар соли 2023 интизор мерафт, сипас мӯҳлатҳо ба соли 2025 гузаронида шуданд, аммо ҳоло воридшавӣ дар соли 2026 пешбинӣ шудааст.
Туркия яке аз бузургтарин харидорони гази Русия боқӣ мемонад: танҳо дар соли 2024 он аз “Газпром” 21 миллиард метри мукааб харидорӣ намуд ва дар нимаи аввали соли 2025 ҳаҷми интиқол 27% афзоиш ёфт.
МАЪЛУМОТНОМА: Лоиҳаи НБА-и “Аккую” бо арзиши тақрибан 20 миллиард доллар бо иштироки “Росатом” амалӣ намуда мешавад ва унсури калидии ҳамкории энергетикии Русия ва Туркия мебошад.
Сохтмон дар доираи модели “build-own-operate” сурат мегирад, вақте, ки пудратчӣ пас аз ба кор даровардан иншоотро соҳиб ва идора мекунад.
Аксҳо: РИА Ахбор