Раиси УЕФА зидди барканории футболбозони Русия баромад намуд – ИА Караван Инфо
Раиси УЕФА зидди барканории футболбозони Русия баромад намуд

МОСКВА, 3 сентябри соли 2025 АИ «Караван Инфо».  Президенти Иттиҳоди ассотсиатсияҳои футболи аврупо (УЕФА) Александр Чеферин изҳор дошт, ки манъи иштироки клубҳо ва дастаҳои мунтахаби русияро дар мусобиқаҳои байналмилалӣ дастгирӣ намекунад.

Ба гуфтаи ӯ, варзишгарон наметавонанд ба тасмимҳои сиёсатмадорон таъсир расонанд ва боздоштани онҳо онҳоро аз бозӣ маҳрум мекунад.

Моҳи феврали соли 2022 ФИФА ва УЕФА иштироки дастаҳои Русияро дар мусобиқаҳои байналмилалӣ боздоштанд. Дар тирамоҳи соли 2023 созмонҳо мушаххас намуданд, ки таҳримҳо то анҷоми амалиети махсуси низомӣ дар Украина нигоҳ дошта мешаванд.

Чеферин инчунин аз марги шаҳрвандон дар Шарқи Наздик, аз ҷумла футболбози фаластинии Сулаймон Ал-Обейд, ки моҳи август ҳангоми ҳамлаи Исроил дар интизори кӯмаки башардӯстона кушта шуд, изҳори дарди шахсӣ намуд.

Аз соли 2022 клубҳо ва дастаҳои мунтахаби Русия дар мусобиқаҳои байналмилалӣ таҳти сарпарастии ФИФА ва УЕФА иштирок намекунанд. Маҳдудиятҳо ба ҳама мусобиқаҳои расмӣ, аз ҷумла Лигаи чемпионҳо, Лигаи Аврупо ва бозиҳои дастаҳои миллӣ дахл доштанд.

Баҳс дар бораи бозгашти варзишгарони русия ба футболи байналмилалӣ дар заминаи вазъи сиёсии ҷаҳонӣ идома дорад.

Аксҳо: football-italia

error: