МОСКВА, 2 сентябри соли 2025 АИ «Караван Инфо». Ҳиндустон бори дигар вето гузошт, ки Озарбойҷон ба Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) ҳамчун узви комилҳуқуқ дохил шавад. Ҳоло Боку мақоми “шарики муколама” дорад.

Тавре, ки Расонаҳо қайд мекунанд, қарори Деҳлӣ бо “муносибатҳои бародарӣ” – и наздики Озарбойҷон ва Покистон алоқаманд аст. Дар айни замон, Чин дархости Бокуро дастгирӣ намуд.
Манбаъҳо таъкид мекунанд, ки ин иқдоми Ҳиндустон сиёсати хориҷии Озарбойҷонро тағйир намедиҳад, балки “хусусияти маҳдуд ва кӯтоҳназари” мавқеи онро нишон медиҳад.
Дар навбати худ Покистон вуруди Арманистонро ба СҲШ манъ намуд. Тибқи ВАО, Исломобод қарори худро бо иттифоқ бо Боку ва дастгирии таърихии Озарбойҷон дар низоъи қарабоғ ангеза намудааст.
Дар муддати тӯлонӣ Покистон ҳатто бо Ереван муносибатҳои дипломатӣ барқарор нанамуд, то бо Озарбойҷон ҳамбастагӣ зоҳир кунад.
Санаи 1 сентябр президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев дар Тянтсзин бо Сарвазири Покистон Шаҳбоз Шариф мулоқот намуд.
Дар ҷараёни сӯҳбат Алиев қайд намуд, ки Ҳиндустон “кӯшиш мекунад, ки аз Озарбойҷон дар майдончаҳои байналмилалӣ интиқом гирад”, аммо ин “муҳим нест”, зеро робитаҳои бародарӣ бо Покистон аз ҳама болотар аст. вай инчунин Исломободро бо “ғалаба бар Ҳиндустон” табрик гуфт.
СҲШ соли 2001 аз ҷониби Чин, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон таъсис дода шудааст. Имрӯз дар ҳайати он нӯҳ давлат, инчунин кишварҳои нозир ва шарикони муколама мавҷуданд.
Созмон ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ, мубориза бо терроризм ва таҳдидҳои маводи мухаддир, инчунин рушди ҳамкории иқтисодӣ тамаркуз мекунад. Густариши СҲШ аксар вақт бо ихтилофоти геополитикӣ байни иштирокчиёни калидии он, аз ҷумла Ҳиндустон ва Покистон мушкилтар мешавад.
Аксҳо: verelq am