Русия ва Чин созишномаи сохтмони “Қувваи Сибир-2” – ро мустаҳкам намуданд – ИА Караван Инфо
Русия ва Чин созишномаи сохтмони "Қувваи Сибир-2" - ро мустаҳкам намуданд

МОСКВА, 2 сентябри соли 2025 АИ «Караван Инфо».  Русия ва Чин дар бораи сохтмони лӯлаи гази “Қувваи Сибир -2″мувофиқа намуданд. Дар ин бора Раиси “Газпром” Алексей Миллер хабар дод ва қайд намуд, ки меморандуми ҳатмии ҳуқуқӣ ба имзо расидааст, ки дар он инчунин хатсайри транзитӣ тавассути Муғулистон “Союз Восток” дохил намуда шудааст.

Ба гуфтаи Миллер, ин санад ба изҳороти оммавии раҳбарони Русия, Чин ва Муғулистон асос ёфтааст.

Илова бар ин, дар ҷараёни сафар байни “Газпром” ва корпоратсияи миллии нафту гази Чин (CNPC) созишномаҳои тиҷоратӣ ба имзо расиданд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳаҷми интиқоли газро тавассути лӯлаи гази “Сила Сибири” аз 38 то 44 миллиард метри мукааб дар як сол зиёд кунанд. Инчунин лоиҳаи “маршрути Шарқи Дур” васеъ намуда шуд, ки тавассути он ҳар сол аз 10 то 12 миллиард метри мукааб интиқол дода мешавад.

Лоиҳаи “Қувваи Сибир -2” ҳамчун яке аз лоиҳаҳои калидӣ барои ҳамкории энергетикии Русия ва Чин баррасӣ мешавад.

Дар назар аст, ки он аз Муғулистон гузарад ва имкон диҳад, ки содироти гази Русия ба Чин афзоиш ёбад ва вобастагӣ аз бозори аврупоро коҳиш диҳад.

error: