МОСКВА, 5 сентябри соли 2025 АИ «Караван Инфо». Русия нақша дорад, ки лоиҳаи нави бузурги Трансарктикии нақлиётро рушд диҳад. Дар ин бора Президент Владимир Путин дар ҷаласаи умумии форуми иқтисодии Шарқӣ изҳор дошт.

Ба гуфтаи Сарвари давлат, сухан на танҳо дар бораи роҳи баҳрии Шимолӣ, балки дар бораи тамоми системае меравад, ки хатсайрҳои баҳрӣ, роҳи оҳан ва автомобилро муттаҳид мекунад.
Ин равиш имкон медиҳад, ки дарёҳои калонтарини кишвар — Об, Енисей ва Лена бо бандарҳои арктикӣ ва инфрасохтори нақлиётӣ пайваст намуда шаванд.
Путин қайд намуд, ки вазифа на танҳо гузоштани хатсайрҳои бехатари баҳрӣ ва таъмини кори шабонарӯзии коридор аст.
Қисми муҳим рушди инфрасохтори соҳилӣ хоҳад буд: сохтани системаҳои алоқа ва навигатсия, хидматрасонии киштиҳо ва маҷмӯаҳои наҷотдиҳӣ. Ба навсозии бандарҳо дар Арктика ва Шарқи Дур диққати махсус дода мешавад.
Президент таъкид намуд, ки лоиҳа бояд “пеш аз ҳама ба манфиати иқтисоди ватанӣ” кор кунад ва инчунин рушди Шарқи Дур, Сибир ва Арктикаро ҳавасманд кунад ва имкониятҳои нави тиҷоратро фароҳам орад.
Форуми иқтисодии шарқӣ дар Владивосток аз санаи 3 то санаи 6 сентябр дар майдони донишгоҳи федералии Шарқи Дур баргузор мешавад.
Мавзӯи асосии ин чорабинӣ имсол ба мисли “Шарқи Дур — ҳамкорӣ ба хотири сулҳ ва шукуфоӣ” садо медиҳад.
Сурат: Фгуп “Атомфлот“