МОСКВА, 5 сентябри соли 2025 АИ «Караван Инфо». Президенти Венесуэла Николас Мадуро эълон намуд, ки сафарбаркунии ҷузъу томҳои милитсияи ҷамоатӣ, ки дар саросари кишвар амал мекунанд, оғоз меёбад.

Ба гуфтаи ӯ, беш аз 8 миллион нафар ба низоми миллии мудофиа, ки ба 15 751 пойгоҳи мудофиаи халқӣ аз рӯи шумораи участкаҳои интихоботӣ такя мекунад, дохил мешаванд.
“Ҳадаф сафарбар намудани 8,2 миллион Венесуэла аст. Ба 4,5 миллион ополчиёни омодашуда ихтиёриёни нав ҳамроҳ мешаванд” гуфт Мадуро ҳангоми суханронӣ дар қасри Мирафлорес.
Президент таъкид намуд, ки вазифаи асосӣ таҳкими мудофиаи миллӣ ва таъмини субот ва сулҳ дар кишвар мебошад.
Вазири мудофиа Владимир Падрино Лопес мушаххас намуд, ки даъват ба милитсия тавассути платформаи давлатии Sistema Patria доимӣ хоҳад шуд.
Мадуро даъвати бузургро бо зарурати ҳимояи Венесуэла аз фишори беруна алоқаманд намуд.
Вай хотиррасон намуд, ки дар моҳи август ИМА риторикаи Зидди Каракасро тақвият дод: Вашингтон амалиети низомиро истисно нанамуд ва киштиҳои низомиро ба соҳилҳои ҷумҳурӣ фиристод. Дар Каракас ин амалҳоро иғвоангезӣ ва таҳдид ба суботи минтақавӣ номиданд.
Дар моҳи август, прокурори генералии ИМА Пэм Бонди барои маълумоте, ки ба боздошти Мадуро кӯмак мекунад, 50 миллион доллар мукофот эълон намуд. Баъдтар Кохи Сафед изҳор дошт, ки омода аст “ҳамаи унсурҳои қувва” – ро барои мубориза бо қочоқи маводи мухаддир истифода барад, ки дар Каракас ҳамчун фишор ба соҳибихтиёрии кишвар арзёбӣ намуда шуд.
Аксҳо: picture-alliance / NurPhoto / H. Matheus