Лавров аз Ҷопон даъват намуд, ки натиҷаҳои ҷанги Дуюми ҷаҳонӣ ва масъулияти таҷовузро эътироф кунад – ИА Караван Инфо
Лавров аз Ҷопон даъват намуд, ки натиҷаҳои ҷанги Дуюми ҷаҳонӣ ва масъулияти таҷовузро эътироф кунад

МОСКВА, 5 сентябри соли 2025 АИ «Караван Инфо». Русия аз Ҷопон талаб мекунад, ки натиҷаҳои ҷанги Дуюми ҷаҳонӣ ва масъулияти сар задани низоъи глобалиро пурра эътироф кунад.

Дар ин бора вазири корҳои хориҷӣ Сергей Лавров дар муроҷиатномае, ки ба 80-солагии Ғалаба бар Ҷопон бахшида шудааст, изҳор дошт.

“Натиҷаҳои ҷанги Дуюми ҷаҳонӣ дар уқёнуси Ором, аз ҷумла Санади таслимшавии Ҷопон, қисми ҷудонопазири тартиботи Ҷаҳонии Ялта-Потсдам пас аз ҷанг шуданд”, — таъкид намуд Лавров.

Вай қайд намуд, ки Маскав аз мақомоти Ҷопон даъват мекунад, ки оқибатҳои ҳуқуқии Байналмилалии Пирӯзии давлатҳои иттифоқчиён ва ҳиссаи масъулияти худро барои ҷанг эътироф кунанд.

ВКХ-и ФР илова намуд, ки Русия кори ҳарбӣ – мемориалӣ ва маърифатиро идома дода, шаҳодатномаҳои нави ҷиноятҳои милитаризми Ҷопонро дар солҳои 1930-1940 ошкор мекунад.

Ба гуфтаи ӯ, муборизаи муштарак бо милитаризм асоси таҳкими шарикии стратегии Маскав бо Чин, ҶХДК, Муғулистон ва дигар кишварҳо боқӣ мемонад.

Лавров инчунин, паради бузурги Пекинро дар бораи пирӯзӣ дар ҷанги муқовимат ба таҷовузи ҷопон, ки дар он Владимир Путин, Си Ҷинпин ва Ким Чен Ин ҳузур доштанд, хотиррасон намуд.

Вазир ин чорабиниро “таҷассумгари дурахшони дӯстии пойдор, ки 80 сол пеш дар ҷангҳо сахт шуда буд” номид. Дар Русия Рӯзи Ғалаба бар Ҷопон ҳамчун ҷашни давлатӣ, ки рамзи ҳифзи хотираи таърихӣ мебошад, дубора ҷашн гирифта мешавад.

Аксҳо: манбаъҳои Кушода

error: