Нерӯҳои Аврупо дар Украина барои Русия ҳадафи қонунии шикаст хоҳанд буд – ИА Караван Инфо
Нерӯҳои Аврупо дар Украина барои Русия ҳадафи қонунии шикаст хоҳанд буд

МОСКВА, 5 сентябри соли 2025 АИ «Караван Инфо».  Раиси ФР Владимир Путин дар ҷаласаи пленарии Форуми X-умин солгарди иқтисодии шарқӣ (ФИШ) таъкид намуд, ки контингентҳои низомии хориҷӣ дар қаламрави Украина ҳадафи қонунии Русия хоҳанд шуд.

Сарвари давлат қайд намуд, ки маҳз ҳузури нерӯҳои хориҷӣ дар сарзамини Украина яке аз сабабҳои кӯшиши ҷалби Киев ба НАТО мебошад.

“Агар нерӯҳо пайдо шаванд, алалхусус ҳоло, аз он бармеояд, ки онҳо ҳадафҳои қонунии шикаст хоҳанд буд”, — изҳор дошт Путин ва илова намуд, ки дар сурати расидан ба сулҳи дарозмуддат зарурати пайдо намудани чунин контингентҳо аз байн меравад.

Президент инчунин таъкид намуд, ки Маскав омода аст, ки созишномаҳои бадастомада, аз ҷумла кафолатҳои амниятӣ барои Русия ва Украинаро риоя кунад. “Агар чунин созишномаҳо ба даст оянд, Русия онҳоро иҷро хоҳад намуд”, — хулоса намуд Ӯ.

Изҳороти Путин мавқеи расмии Маскавро дар бораи ҳузури низомии хориҷӣ дар Украина инъикос мекунад. Русия бар ин назар аст, ки ҳар як контингенти кишварҳои ғарбӣ дар қаламрави украина хатари шиддат гирифтани низоъро зиедёд мекунад.

Ҳамзамон, Маскав омодагии худро ба гуфтушунид ва иҷрои созишномаҳое, ки кафолатҳои дарозмуддати амниятро барои ҳарду ҷониб таъмин мекунанд, таъкид мекунад.

Аксҳо аз манбаъҳои кушода

error: