МОСКВА, 17 сентябри соли 2025 АИ «Караван Инфо». Дар Астрахан кормандони ФСБ шаҳрванди яке аз кишварҳои Африқои Шимолиро бо гумони ҷосусӣ боздошт намуданд, хабар доданд хадамоти махсус.
Марде, ки дар шаҳр сабти ном ва зиндагӣ менамуд, тавассути мессенҷери Telegram бо корманди идораи Марказии кашфи Вазорати Мудофиаи Украина робита дошт.

Тибқи маълумоти ФСБ, бо супориши истихбороти хориҷӣ, ӯ маълумотро дар бораи объектҳои ҳарбӣ ва инфрасохтори муҳими Астрахан ҷамъоварӣ ва интиқол медод, ки ин метавонад ба амнияти ФР таҳдид кунад.
Нисбати боздоштшуда бо моддаи ҷосусӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда шуда, ба ӯ чораи пешгирӣ дар шакли ҳабс интихоб намуда шудааст.
“Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва амалиЁти тафтишотӣ барои мустаҳкам намудани заминаи далелҳо ва ошкор намудани дигар эпизодҳои эҳтимолии фаъолияти ғайриқонунӣ идома доранд”, — илова намуданд ФСБ.
Ҷосусӣ алайҳи объектҳои инфрасохтори муҳим яке аз самтҳои асосии кори иктишофии хориҷӣ мебошад. Дар Русия барои чунин амалҳо ҷавобгарии ҷиноятӣ бо таҳримҳои ҷиддӣ, аз ҷумла маҳрум сохтан аз озодӣ пешбинӣ шудааст.
Аксҳо: ФСБ Русия