Душанбе, 17 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи фавқулодаи сарони давлатҳои араб ва кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Исломӣ (СҲИ), ки дар шаҳри Доҳа, пойтахти Давлати Қатар баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар оғози суханронии худ Сарвари давлат ҳамдардӣ ба мардуми Қатар баён карда, ҳамлаи низомии 9 сентябрро амали таҷовузкорона бар зидди соҳибихтиёрӣ ва якпорчагии ин кишвари бародар хонд.
«Мо бори дигар ин амали таҷовузро, ки нақзи ошкорои ҳуқуқи байналмилалӣ ва меъёрҳои Оинномаи СММ мебошад, қотеъона маҳкум менамоем», — таъкид карданд Эмомалӣ Раҳмон.
Президенти мамлакат ба таҳаввулоти хатарбор дар Ховари Миёна ишора намуда, онҳоро таҳдид ба амнияти байналмилалӣ номид. Ӯ махсусан ба вазъи фоҷиавии башардӯстона дар Навори Ғазза таваҷҷуҳ зоҳир кард.
«Дар ду соли охир ҷомеаи ҷаҳонӣ шоҳиди вазъи фоҷиавии башардӯстона дар Ғазза мебошад ва ормонҳои халқи Фаластин то ҳол амалӣ нашудаанд», — зикр намуд Сарвари давлат.
Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, истифодаи зӯроварӣ дар минтақа боиси афзоиши таниш ва монеаи роҳи гуфтушунидҳо барои пойдории сулҳ ва субот мегардад.
Пешвои миллат изҳор дошт, ки дар шароити мураккаби геополитикии ҷаҳонӣ таҳкими ваҳдати уммати мусулмонӣ аҳамияти махсус пайдо мекунад. Ӯ афзуд, ки рушди устувори иҷтимоиву иқтисодии кишварҳои узви СҲИ кафолати боэътимоди амният, субот ва пешрафти ҷаҳони ислом аст.
Президенти Тоҷикистон зарурати иқдомҳои ҳамоҳангшуда алайҳи терроризм, ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои ҷаҳониро талаботи замон номид.
Эмомалӣ Раҳмон ба саҳми бузурги мутафаккирон ва нобиғагони тамаддуни исломӣ дар ташаккули фарҳанги ҷаҳонӣ ишора карда, махсусан нақши онҳо дар густариши андешаи сулҳпарварӣ ва ҳамзистии осоиштаро муҳим арзёбӣ намуд. Ӯ таъкид кард, ки идомаи ин анъана ва намоиши ваҳдати уммат ба ҷаҳониён муҳим аст.

Дар анҷом Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон умедворӣ баён доштанд, ки ҷаласаи имрӯза ба таҳкими иттиҳоду ҳамбастагии кишварҳои исломӣ дар муқобили чолишҳои муосир мусоидат намуда, барои пешгирии ҳар гуна нақзи меъёрҳои байналмилалӣ саҳм мегузорад.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон