Раиси Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон бо фаъолияти КВД «Шаҳри ҳушманд» шинос гардид – ИА Караван Инфо
Раиси Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон бо фаъолияти КВД «Шаҳри ҳушманд» шинос гардид

Душанбе, 17 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот». 15 сентябр Раиси Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Нурланбек Тургунбек уулу ва ҳайати ҳамроҳонаш дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart City)»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе шинос гардиданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart City)» хабар медиҳад.

Меҳмонон нахуст бо фаъолияти корхона ва имконияти технологию инфрасохтории Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд» шинос гардиданд.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба табодули таҷриба дар самти ташкили «шаҳрҳои ҳушманд» ва татбиқи ҳалли пешрафтаи технологияҳои иттилоотӣ мубодилаи афкор намуданд.

Ҷонибҳо барои барқарорсозии робитаҳои шарикӣ байни муассисаҳои соҳавии ду мамлакат изҳори омодагӣ намуда, пешрафти назарраси шаҳри Душанберо дар самти рушди рақамӣ таъкид карданд.

Ёдовар мешавем, ки 15 сентябр Раиси Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон Нурланбек Тургунбек уулу бо сафари расмӣ ба шаҳри Душанбе омад. Дар доираи сафар бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо иштироки ҳайатҳои расмӣ мулоқот намуд.

АКС: Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд»

error: