Русия ва кишварҳои ИИАО бозори умумии молиявиро таъсис медиҳанд – ИА Караван Инфо
Русия ва кишварҳои ИИАО бозори умумии молиявиро таъсис медиҳанд

МОСКВА, 18 сентябри соли 2025 АИ «Караван инфо». Русия дар якҷоягӣ бо дигар кишварҳои ИИАО дар ташаккули бозори умумии молиявӣ кор мекунад. Дар ин бора Сарвазири ФР Михаил Мишустин дар форуми молиявии Москва-2025 изҳор дошт.

“Дар мавриди ҳамкорони мо дар ИИАО, мо аллакай бо онҳо дар ташаккули бозори умумии молиявӣ машғулем. Русия созишнома дар бораи иҷозати фаромарзии коғазҳои қиматнокро имзо намуд”, — қайд намуд Мишустин. Вай инчунин аҳамияти баланд бардоштани эътимод ба бозори фондии русияро таъкид намуд.

Соли 2025 форуми молиявии Маскав 10 сола мешавад. Мавзӯи асосии форуми имсола “Системаи Молиявӣ: мушкилот ва вазифаҳо” мебошад.

Дар кори форум одатан намояндагони ҳокимияти федералӣ ва минтақавӣ, тиҷорат, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва коршиносони пешбари соҳаи молия ва иқтисод иштирок мекунанд.

Чорабинии мазкур барои муҳокимаи масъалаҳои мубрами сиёсати молиявию иқтисодӣ, таъмини устувории дарозмуддати низоми молиявӣ ва таҳияи қарорҳои самаранок барои танзими блоки молиявию иқтисодии ҳукумати ФР ҳамчун майдонча хизмат мекунад.

Таъсиси бозори умумии молиявии ИИАО мувофиқа намудани қоидаҳои кори бозорҳои фондиро, содда намудани гардиши трансмарзии коғазҳои қиматнок ва баланд бардоштани шаффофият барои сармоягузоронро пешбинӣ мекунад.

Ин ташаббус ба таҳкими робитаҳои иқтисодии байни кишварҳои иттиҳод ва рушди ҳамгироӣ дар соҳаи молиявӣ равона шудааст.

Аксҳо: РИА Ахбор

error: