Ракетаи F-16 ба ҷои дрон: Лаҳистон хатои ҳодисаи пурсарусадоро эътироф намуд – ИА Караван Инфо
Ракетаи F-16 ба ҷои дрон: Лаҳистон хатои ҳодисаи пурсарусадоро эътироф намуд

МОСКВА, 18 сентябри соли 2025 АИ «Караван инфо».  Мақомоти Лаҳистон маҷбур шуданд, ки тафсири худро дар бораи ҳодисаи шарқи кишвар аз нав дида бароянд. Дар аввал дар Варшава изҳор доштанд, ки ба хонаи истиқоматӣ дар воеводии Люблин як ҳавопаймои бесарнишин ворид шудааст.

Аммо вазири ҳамоҳангсози хадамоти махсус Томаш Семоняк дар эфири шабакаи Телевизионии TVN тасдиқ намуд: сабаби харобшавӣ ракетае буд, ки аз ҷониби ҳавопаймои ҷангии Лаҳистон F-16 партоб намуда шуд.

“Ҳама чиз нишон медиҳад, ки ин ракетае буд, ки ҳавопаймои мо аз Лаҳистон ва шаҳрвандони мо дифоъ менамуд. Низомиён гуфтанд, ки зарар ҷуброн карда мешавад”, — қайд намуд Семоняк.

Ба гуфтаи вай, тафтишот идома дорад ва мутахассисон партовҳои ёфтшударо меомӯзанд.

Дар ин ҳолат, вазъ дар пасманзари изҳороти сарвазир Доналд Туск дар бораи 19 дрон, ки гӯё фазои ҳавоии Лаҳистонро убур намудаанд, рӯй дод. Вай онҳоро таҳдид номид ва дар ҳамла ба Маскав айбдор намуд, бе далел.

Вазорати мудофиаи русия ин иттиҳомотро рад намуда, таъкид намуд, ки ҳадафи зарбаи шабона танҳо корхонаҳои ВПК Украина буданд.

Ин бори аввал нест, ки Лаҳистон Русияро пеш аз мӯҳлат айбдор менамояд. Соли 2022 дар деҳаи наздисарҳадӣ тирҳо афтида, ду нафарро куштанд.

Дар аввал мақомот изҳор доштанд, ки сухан дар бораи силоҳи русия меравад. Аммо баъдтар президенти онвақта Анджей Дуда эътироф намуд, ки тирҳо эҳтимолан ба нерӯҳои украинӣ тааллуқ доштанд ва қисми маҷмааи С-300 буданд.

Аксҳо: AP Photo / Alik Keplicz

error: