МОСКВА, 19 сентябри соли 2025 АИ «Караван инфо». Президенти ИМА Доналд Трамп аз тасдиқи кӯмаки низомӣ ба Тайван ба маблағи беш аз 400 миллион доллар худдорӣ намуд, хабар медиҳад Вашингтон Пост бо истинод ба манбаъҳои маъмурияти амрико.

Қарор бо кӯшиши бастани созишномаи бузурги тиҷоратӣ бо Чин ва омодагӣ ба ҳамоиши эҳтимолӣ бо раиси ЧХХ Си Ҷинпин алоқаманд аст.
Тибқи маълумоти нашрия, бастаи муҳокимашаванда дронҳо ва лавозимоти ҷангиро дар бар мегирифт ва нисбат ба пештара хеле пурқувваттар буд. Конгресс иҷозат медиҳад, ки ҳар сол ба Тайван то 1 миллиард доллар дастгирии низомӣ ҷудо намуда шавад, аммо ҳар як маблағ бояд тасдиқ намуда шавад.
Дар Кохи Сафед гуфтанд, ки қарори ниҳоӣ дар бораи баста ҳанӯз қабул нашудааст. Дар Маъмурияти Трамп худи мақсаднокии дастгирии низомии ҷазира баррасӣ мешавад: як қисми мансабдорон бар ин назаранд, ки Тайбэй қодир аст, ки силоҳро дар асосҳои умумӣ харидорӣ кунад, ба монанди Исроил е иттифоқчиёни аврупоии ИМА.
Дигарон исрор мекунанд, ки рад намудани кӯмак мавқеи Чинро, ки артиши он фаъолона рушд мекунад, тақвият медиҳад.
Вашингтон расман сиёсати “Як Чин” – ро риоя мекунад, ки истиқлолияти Тайванро эътироф намекунад.
Дар баробари ин, ИМА тамосҳои ғайрирасмиро бо Тайбэй нигоҳ медорад ва мунтазам силоҳ мефиристад, ки ин дар муносибат бо Пекин таниш боқӣ мемонад.
Барои Чин масъалаи Тайван шарти асосии муносибатҳои дипломатӣ бо дигар кишварҳо мебошад.
Аксҳо аз манбаъҳои кушода