МОСКВА, 24 сентябри соли 2025 АИ «Караван Инфо». Берлин ният дорад, ки дар барномаи бузурги таҷҳизонидани кишварҳои Иттиҳоди Аврупо нақши калидӣ дошта бошад. Дар ин бора Financial Times бо истинод ба лоиҳаи ҳуҷҷате, ки аз ҷониби мақомоти олмон таҳия шудааст, менависад.
Тибқи нақшаҳо, дар моҳи октябр раҳбарони ИА “харитаи роҳ” – ро барои таҳкими дифоъи иттиҳод то соли 2030 баррасӣ хоҳанд намуд.

Олмон пешниҳод мекунад, ки “эътилофи иқтидори дастаҷамъӣ” — иттиҳоди кишварҳое, ки якҷоя дар соҳаҳои афзалиятнок, аз ҷумла барои системаҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ силоҳ таҳия ва харидорӣ мекунанд, таъсис дода шавад.
Ба тақвияти фланги шарқӣ диққати махсус дода мешавад. Лоиҳа инчунин пешниҳод мекунад, ки ваколатҳои агентии Мудофиаи Аврупоро васеъ намуда, онро ба платформаи ҷустуҷӯи шарикон ва ҳамоҳангсозии харид табдил диҳад.
Берлин исрор меварзад, ки лоиҳаҳои нав бояд барои Украина ва кишварҳое, ки ба ин ҳуқуқ доранд, кушода бошанд.
Дар ҳуҷҷат инчунин зарурати танзими истеҳсоли силоҳ ва сабук намудани қоидаҳои рақобат нишон дода шудааст, дар ҳоле ки Олмон зидди маблағгузории барнома аз ҳисоби қарзи нави умумиаврупоӣ баромад мекунад.
Кантслер Фридрих Мертс қаблан изҳор дошт, ки Олмон ба таъсиси артиши пурқувваттарин дар Аврупо талош мекунад. Тибқи маълумоти Bloomberg, кишвар хариди бузурги низомиро ба нақша гирифтааст: 8,5 ҳазор адад техникаи зиреҳпӯш, 20 ҳавопаймои ҷангии Eurofighter ва садҳо танкҳои Leopard 2.
Аксҳо: AP
