МОСКВА, 24 сентябри соли 2025 АИ «Караван Инфо». Ба гузориши The Financial Times, киштии контейнерии чин Heng Yang 9, ки зери парчами панама сабт шудааст, ба бандари Севастопол ворид шуд.
Нашрия таъкид намуд, ки ин ҳодиса нодир аст, зеро ба киштиҳои тиҷоратии хориҷӣ ворид шудан ба бандарҳои қрим дар доираи таҳримҳои ғарбӣ, ки пас аз муттаҳидшавии нимҷазира бо Русия дар соли 2014 ҷорӣ намуда шуда буданд, манъ намуда шудааст.

Пештар ширкатҳои чинӣ, сарфи назар аз набудани иштироки мустақим дар таҳримҳо, аз ворид шудан ба Қрим худдорӣ менамуданд. Аммо, ба гуфтаи хабарнигорони FT, киштии Heng Yang 9, ки ба ширкати Guangxi Changhai Shipping Company тааллуқ дорад, дар моҳҳои охир ҳадди аққал се маротиба ба Севастопол ташриф овардааст.
“FT тавонист охирин ин сафарҳоро дар моҳи сентябр мустақилона бо истифода аз аксҳои моҳвораӣ, маълумоти радарӣ, транспондер ва аксҳои муқаррарӣ тафтиш кунад” гуфта мешавад дар тафтишот.
Пас аз соли 2014, кишварҳои ғарбӣ таҳримҳое ҷорӣ намуданд, ки ба киштиҳои хориҷӣ ворид шудан ба бандарҳои Қримро манъ мекунанд, то робитаҳои иқтисодии нимҷазираро бо ҷаҳони беруна маҳдуд кунанд.
Чин расман ба ин маҳдудиятҳо ҳамроҳ нашудааст, аммо ширкатҳои чинӣ анъанавӣ эҳтиёткор буданд, аз тамоси мустақим бо бандарҳои Қрим канорагирӣ менамуданд. Воридшавии Heng Yang 9 метавонад ба густариши тадриҷии робитаҳои тиҷоратӣ байни Чин ва Қрим бар хилофи фишори байналмилалӣ ишора кунад.
Аксҳо: манбаъҳои кушода
