Дар Қазоқистон интернети моҳвораии амрико пайдо мешавад – ИА Караван Инфо
Дар Қазоқистон интернети моҳвораии амрико пайдо мешавад

Остона, 23 сентябри соли 2025 АИ «Караван Инфо». Дар доираи сафари Президенти Қазоқистон Касим-Жомарт Токаев ба Ню-Йорк созишномае ба имзо расид, ки тибқи он Ширкати Amazon Project Kuiper ба бозори Қазоқистон ворид мешавад. Харитаи роҳ, ки аз ҷониби Вазорати зеҳни сунъӣ ва рушди рақамӣ, ҶС “Казахтелеком” ва Amazon имзо шудааст, ин шарикиро мустаҳкам мекунад.

“Казахтелеком” шарики истисноии паҳнкунии хидматҳои Amazon Kuiper хоҳад буд. Ин аввалин Сармоягузории бузурги Amazon дар Осиёи Марказӣ аст.

Вазири зеҳни сунъӣ ва рушди рақамӣ Жаслан Мадиев қайд намуд, ки ин як қадами муҳим дар таҳкими инфрасохтори рақамии кишвар ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ мебошад, ки бевосита ба сифати зиндагии шаҳрвандон ва рушди иқтисодиёт таъсир мерасонад.

Сурат: МСРИАП ҶТ

error: