МОСКВА, 22 сентябри соли 2025 АИ «Караван Инфо». Дар баҳри Балтика аввалин машқҳои муштараки Лаҳистон ва Шветсия бо номи Gotland Sentry (готланд страж) оғоз ёфт. Дар ин бора рӯзи душанбе хадамоти матбуоти Вазорати Мудофиаи Лаҳистон хабар дод.

” Лаҳистон ва Шветсия якҷоя амнияти баҳри Балтикро таъмин мекунанд. Мо таълимоти Snex Gotland Sentry — ро оғоз мекунем, ки аввалин амалиёти муштараки ин навъ дар таърих байни кишварҳои мост, — изҳор дошт вазири мудофиаи миллии Лаҳистон Владислав Косиняк-Камыш.
Машқҳо бо шарофати созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи мудофиа, ки 2 сентябри соли 2025 ба имзо расид, имконпазир шуданд. Дар ин санад амалиёти муштарак дар Балтика ва рушди технологияҳои мудофиавӣ пешбинӣ шудааст.
Пештар чунин машқҳои дуҷониба байни Варшава ва Стокголм гузаронида нашуда буданд.
Аксҳо аз манбаъҳои кушода
