Остона, 26 сентябри соли 2025 АИ «Караван Инфо». Дар ҷараёни мулоқоти муовини Вазири нақлиёти Қазоқистон Талгат Ластаев бо Сафири Фавқулодда ва ваколатдори Эрон Алӣ Акбар Ҷоукар ҷонибҳо ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаи нақлиёт ва логистика баррасӣ намуданд.

Лоиҳаҳои роҳ: Эрон изҳори манфиатдорӣ намуд, ки дар татбиқи лоиҳаҳои роҳ дар қаламрави Қазоқистон барои васеъ намудани инфрасохтори нақлиётӣ иштирок кунад.
• Созишнома оид ба нақлиёти автомобилӣ: тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои мувофиқа ва имзои созишномаи дуҷониба музокироти иловагӣ гузаронанд.
• Хатсайри Байналмилалии нақлиётии транскаспий( ХБНТ ): дурнамои рушди ин хатсайр, ки барои таҳкими нақши Қазоқистон ва Эрон ҳамчун пайвандҳои калидии транзитӣ дар фазои Авруосиё пешбинӣ шудааст, баррасӣ намуда шуд.
• Ҳамкории байни бандарҳо: масъалаи густариши ҳамкорӣ байни бандарҳои Астара ва Актау барои афзоиши ҳаҷми ҳамлу нақли баҳрӣ ва гардиши мол баррасӣ намуда шуд.
Дар натиҷаи гуфтушунидҳо ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи муколамаи фаъол ва таҳияи чораҳои амалӣ барои таҳкими шарикӣ дар соҳаи нақлиёт тасдиқ намуданд.
Аксҳо: Вазорати нақлиёти ҶҚ
