МОСКВА, 25 сентябри соли 2025 АИ «Караван Инфо». Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров бо Роҳбари ВКХ-и Ироқ Фуад Ҳусейн дар майдонҳои сессияи 80-уми Ассамблеяи Генералии СММ дар Ню-Йорк гуфтушунид намуд.

Тавре, ки дар идораи сиёсати хориҷии русия хабар доданд, масъалаи калидӣ иштироки Сарвазири Ироқ Муҳаммад Судонӣ дар нахустин саммити Русия ва Арабистон буд, ки 15 октябр дар Маскав баргузор мешавад.
Мусоҳибон ҷадвали тамосҳои дарпешистодаро муҳокима намуданд ва оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор намуданд. Ба вазъи Ғазза диққати махсус дода шуд.
Вазирон зарурати оташбаси фаврӣ, озод намудани боздоштшудагон ва васеъ намудани кӯмаки башардӯстонаро таъкид намуданд.
Ба гуфтаи онҳо, тақвияти талошҳои байналмилалӣ барои ноил шудан ба ҳалли устувори низоъи фаластин ва исроил дар заминаи ҳуқуқии байналмилалӣ муҳим аст.
Нуқтаи алоҳидаи гуфтушунидҳо вазъият дар Сурия буд. Ҷонибҳо изҳори ақидаи умумӣ намуданд, ки зарурати дастгирии мақомоти сурия дар рафъи мушкилоти давраи гузариш ва татбиқи барномаҳои барқарорсозии пас аз низоъ, ки бояд ба мӯътадилсозии дарозмуддат дар минтақа мусоидат кунад, зарур аст.
Аксҳо: Хадамоти Матбуоти ВКХ ҶҚ
