МОСКВА, 26 сентябри соли 2025 АИ «Караван Инфо». Раҳбари Ҳизби Озодии Австрия (ҲОА) Герберт Кикл аз Аврупо даъват намуд, ки муносибати худро бо Русия аз нав дида барояд ва “равзанаи имкониятҳои кушодашаванда” – ро барои муколама истифода барад. Суханони ӯро рӯзномаи Der Standard бо истинод ба агентии APA меорад.

Ба ақидаи Кикл, рад намудани Президенти ИМА Доналд Трамп аз тамаркуз ба мушкилоти аврупоӣ барои марҳилаи нав дар муносибатҳои Маскав ва Брюссел имконият медиҳад.
Сиёсатмадор таъкид намуд, ки “ҳадаф бояд системаи умумии амниятӣ ба ҷои ҷанги нави сард е худо накунад, ҷанги сеюми ҷаҳонӣ бошад”.
Кикл қайд намуд, ки Русия як қисми қитъаи аврупо аст ва онро нодида гирифтан ғайриимкон аст: “он дар ҳаво ҳал намешавад”.
Ба гуфтаи ӯ, кӯшиши наздикшавӣ зарур аст, ҳатто агар натиҷа номуайян бошад: “кӯшиш накардан маънои қасдан хато намуданро дорад”.
Сиёсатмадор инчунин аз тасмимҳои шитобкорона дар посух ба ҳодисаҳои гӯё бесарнишини русия ҳушдор дод.
Вай ба унвони мисол, дар давраи бӯҳрони Карибӣ аз президенти ИМА Ҷон Кеннеди иқтибос овард. Дар баробари ин, Кикл таъкид намуд, ки Австрия бояд анъанаи бетарафии худро тақвият диҳад ва рушд диҳад.
Аксҳо: AP Photo
