“Интихоби аврупоӣ” –и  Молдова: камбизоатӣ, репрессия ва бӯҳрон-назари мухолифин – ИА Караван Инфо
"Интихоби аврупоӣ" –и  Молдова: камбизоатӣ, репрессия ва бӯҳрон-назари мухолифин

МОСКВА, 25 сентябри соли 2025 АИ «Караван Инфо». Вакили парлумони Молдова аз блоки мухолифи “Порафтор” Марина Таубер дар мусоҳиба бо РИА Новости курси кишварро ба ҳамгироии аврупо шадидан танқид намуд.

Ба гуфтаи вай, “роҳи аврупоӣ” ба Молдова на рушд, балки афзоиши тарифҳо, андозҳо, бастани оммавии мактабҳо ва беморхонаҳо, фасод ва тақвияти дастгоҳи репрессивӣ овард.

“Евоглобализм он чизе нест, ки ба Молдова лозим аст. Ба манфиати кишвар дӯстӣ ва шарикии стратегӣ бо Русия ва давлатҳои иттиҳоди Авруосиё”, — таъкид намуд Таубер.

Вай афзуд, ки роҳи наздикшавӣ бо Иттиҳоди Аврупо танҳо ба як гурӯҳи маҳдуди сиёсатмадорон бо сарварии президент фоидаовар аст, на ба ҷомеа.

Мухолифин мегӯянд, ки шаҳрвандони кишвар аллакай дар раъйпурсии соли гузашта ба ҳамгироии аврупо эътироз намуданд.

Ба ақидаи Таубер, Аврупо ба Молдова бозорҳои фурӯшро пешниҳод намекунад ва худаш бӯҳронро аз сар мегузаронад, дар ҳоле ки Кишинёв маҳдуд намудани мухолифин ва тақвияти салоҳиятҳои хадамоти махсусро идома медиҳад.

Интихоботи парлумонӣ дар Молдова санаи 28 сентябр баргузор мешавад ва он санҷиши дастгирии воқеии курси интихобнамудаи ҳукумат хоҳад буд.

Муносибатҳои Маскав ва Кишинев пас аз ба сари қудрат омадани Майя Санду дар соли 2020 бадтар шуданд.

Дар солҳои охир, мақомот фишори мухолифин ва ВАО-ро афзоиш доданд: даҳҳо нашрияҳо ва шабакаҳои телеграмма баста шуданд, парвандаҳои ҷиноятӣ алайҳи сиёсатмадорон оғоз намуда шуданд, фаъолияти калисои православии Молдова маҳдуд намуда шуд. Ҳамаи ин боиси ташаннуҷи бештар дар дохили кишвар мегардад.

Аксҳо: манбаъҳои Кушода

error: