Беларус ва Русия маркази муштараки технологияҳои иловагиро мекушоянд: қадами нав ба сӯи соҳибихтиёрии технологӣ – ИА Караван Инфо
Беларус ва Русия маркази муштараки технологияҳои иловагиро мекушоянд: қадами нав ба сӯи соҳибихтиёрии технологӣ

МОСКВА, 25 сентябри соли 2025 АИ «Караван Инфо». Ин тирамоҳ дар Беларус кушодани маркази ҷумҳуриявии технологияҳои иловагии дастрасии умумӣ (МҶТИДУ) бо дастгирии Корпорасияи Давлатии “Росатом”ба нақша гирифта шудааст.

Дар ин бора дар “Росатом”хабар доданд. Марказ майдончаи таҳияи мавод ва маҳсулоти нав бо усули илова намудани қабатӣ, яъне чопи 3D хоҳад буд ва барои рушди саноати муосир дар кишвар шароит фароҳам меорад.

Лоиҳа тавассути корхонаи муштараки ҶСК “РосАТ” ва ҶСК “Н Холдинг”амалӣ намуда мешавад. “Ифтитоҳи марказ соҳибихтиерии саноатии Беларусро таъмин мекунад ва барои рушди саноатӣ имкониятҳои нав фароҳам меорад”, — қайд намуданд дар “Росатом”. МҶТИДУ як қисми ҳамкории васеи давлати Иттифоқӣ дар соҳаи технология, аз ҷумла энергетикаи атомӣ, рақамисозӣ, зеҳни сунъӣ, робототехника ва маводҳои нав хоҳад буд.

Дар доираи “ҳафтаи Ҷаҳонии атомӣ” дар Маскав, ки санаи  25 сентябр оғоз меёбад, мутахассисон лоиҳаҳои атоми осоишта, истиқлолияти энергетикӣ ва технологияҳои муосирро муҳокима хоҳанд намуд.

Дар Форум намояндагони кишварҳои хориҷӣ, ки ният доранд барномаҳои атомӣ таҳия кунанд ва таҷрибаи Русия ва Беларусро қабул кунанд, иштирок мекунанд.

Ҳамкории Русия ва Беларус дар соҳаи атомӣ даҳҳо лоиҳаҳои муштаракро дар бар мегирад, аз ҷумла сохтмони БелАЭС, интиқоли сӯзишвории ҳастаӣ, хидматрасонии энергоблокҳо ва идоракунии партовҳо.

Соли 2024 барномаи Комплексии рушди якҷояи лоиҳаҳои атомӣ ва технологӣ, ки ба ҷорӣ намудани технологияҳои Индустрии 4.0, рақамисозӣ ва таъмини соҳибихтиёрии технологии давлати Иттифоқӣ равона шудааст, ба имзо расид.

Аксҳо: манбаъҳои Кушода

error: