«Душанбе Инвест-2025»: пойтахт ба баргузории форуми бузурги байналмилалии сармоягузорӣ омода мешавад – ИА Караван Инфо
«Душанбе Инвест-2025»: пойтахт ба баргузории форуми бузурги байналмилалии сармоягузорӣ омода мешавад

Душанбе, 30 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот». 29 сентябр таҳти роҳбарии муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Шарифӣ ҷаласаи Кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ба баргузории Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест-2025» баргузор гардид.

Дар ҷаласа масъалаҳои вобаста ба омодагии ҳамаҷониба ва дар сатҳи баланди ташкилӣ доир намудани форум баррасӣ шуданд. Ба сохторҳои дахлдор супоришҳои мушаххас дода шуданд, то бандҳои Нақшаи чорабиниҳо саривақт ва бо ҳамоҳангии зарурӣ иҷро гарданд.

Форуми «Душанбе Инвест-2025» яке аз чорабиниҳои муҳими байналмилалӣ арзёбӣ мегардад, ки ҳадафи он ҷалби сармоя ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ, бахусус шаҳри Душанбе мебошад. Форум барои муаррифии иқтидор ва имкониятҳои сармоягузории пойтахт, таҳкими робитаҳои байналмилалӣ ва густариши ҳамкорӣ бо шарикони хориҷӣ замина фароҳам месозад.

Ташкилкунандагон таъкид мекунанд, ки форум на танҳо намоишгоҳи имкониятҳои иқтисодии Душанбе хоҳад буд, балки ба майдони муҳокимаи тамоюлҳои ҷаҳонии рушди шаҳрҳо, дарёфти лоиҳаҳои муштарак ва қабули қарорҳои стратегӣ дар шароити рақобати афзоянда барои сармоя табдил меёбад.

Лозим ба ёдоварист, ки баргузории форум ба татбиқи Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2040 мувофиқат мекунад, ки дар он рушди пойтахт ҳамчун маркази молиявӣ, саноатӣ ва инноватсионӣ мавқеи махсус дорад.

Душанбе тадриҷан ба яке аз нуқтаҳои асосии ҷалби сармоя дар Осиёи Марказӣ табдил меёбад ва «Душанбе Инвест-2025» қадами муҳим дар ин самт хоҳад буд.

Акс: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

error: