Душанбе, 30 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар Тоҷикистон талошҳои миллӣ барои табдил додани бахши зардолу ба як соҳаи рақобатпазир ва устувор, ки барои иқтисодиёти деҳот аҳамияти стратегӣ дорад, оғоз ёфтанд.

27 сентябр намояндагони сохторҳои давлатӣ, бахши хусусӣ ва созмонҳои байналмилалии рушд дар як семинар ҷамъ омада, масъалаи ташаккули занҷири устувори арзиши иловагии зардолуро баррасӣ карданд. Ин чорабинӣ оғози таҳияи стратегияе гардид, ки на танҳо рақобатпазирии зардолуи тоҷикро боло мебарад, балки воситаҳои зиндагии деҳотро низ тақвият мебахшад.
Аз соли 2022 зардолу дар доираи ташаббуси ФАО «Як кишвар – як маҳсулоти авлавиятнок» дар Тоҷикистон расман интихоб шудааст. Ин иқдом аҳамияти хос доштани зардолуро барои вилоятҳои Суғд ва Хатлон нишон медиҳад, ки парваришу коркарди он ба ҳазорон оила манбаи даромад аст. Бо вуҷуди он ки кишвар яке аз содиркунандагони пешсафи кайсия (зардолуи хушк) дар ҷаҳон аст, ин бахш ҳанӯз ниёз ба ислоҳ ва муосирсозӣ дорад.
Мутахассисон мушкилоти асосиро чунин арзёбӣ мекунанд: усулҳои кӯҳнаи истеҳсол, дастрасии маҳдуд ба маблағгузорӣ ва технологияҳои нав, робитаҳои заифи бозорӣ ва таъсири баланди тағйирёбии иқлим. Ин омилҳо самаранокии бахшро коҳиш дода, имконоти он дар бозори ҷаҳониро маҳдуд месозанд.
Барои ҳалли ин мушкилот ФАО ва Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди саноат (ЮНИДО) дар доираи барномаи ҷаҳонии «Суръатбахшии табдилоти низомҳои агрогизоӣ» кӯмаки техникиро пешниҳод мекунанд. Барнома таҳлили занҷири истеҳсолот, муайянсозии самтҳои авлавиятнок ва таҳияи нақшаи сармоягузориро дар бар мегирад, ки ба ҷалби захираҳо ва таҳкими устувории бахш мусоидат хоҳад кард.
Ба назари коршиносон, рушди устувори соҳаи зардолу метавонад Тоҷикистонро на танҳо ба яке аз пешвоёни ҷаҳонӣ дар содироти кайсия табдил диҳад, балки ҳамчун маркази коркард ва пешбурди маҳсулоти экологӣ ва дорои арзиши иловагии баланд муаррифӣ кунад.
Ин иқдом имкониятҳои нав барои содирот боз намуда, иқтисодро диверсификатсия ва ҳазорҳо ҷойи корӣ дар деҳот фароҳам месозад.
АКС: Аз манбаъхои кушода