Сарвазири Қазоқистон Олжас Бектенов дар Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ иштирок намуд – ИА Караван Инфо
Сарвазири Қазоқистон Олжас Бектенов дар Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ иштирок намуд

Остона, 1 октябри соли 2025 АИ «Караван инфо». Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов дар ҷаласаҳои Шӯрои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки дар Минск, Ҷумҳурии Беларус баргузор шуд, иштирок намуд. Дар вохӯриҳо масъалаҳои мубрами ҳамкории иқтисодӣ, илмӣ-технологӣ ва рақамӣ баррасӣ шуданд.

Олжас Бектенов қайд намуд, ки ИДМ майдони боэътимоди ҳамкории мутақобилан судманд боқӣ мемонад. Вай таъкид намуд, ки ҳаҷми умумии ММД-и Иттиҳод ҳамасола ба ҳисоби миёна 4,5% меафзояд ва тиҷорати дохилӣ дар панҷ соли охир 40% афзоиш ёфтааст.

Гардиши умумии молҳои Қазоқистон бо кишварҳои ИДМ соли гузашта 37,3 миллиард долларро ташкил дод, ки ҳаҷми савдои хизматрасонӣ 9,4% афзоиш ефта, ба 4,3 миллиард доллар расид. Сарвазир аҳамияти таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои иқтисодиро, аз ҷумла тавассути такмили механизмҳои савдои биржавӣ таъкид намуд.

Таваҷҷуҳи махсус ба рушди тағйирёбии рақамӣ ва ҷорӣ намудани зеҳни сунъӣ (ЗС) дода шуд. Олжас Бектенов хотиррасон намуд, ки Президент Қасим-Жомарт Токаев вазифаи стратегии табдил додани Қазоқистонро ба кишвари пурраи рақамӣ дар се соли оянда муайян намудааст.

“Қазоқистон таҷрибаи ҷамъшударо бо шарикони хориҷӣ фаъолона мубодила мекунад ва омода аст, ки ҳамкориро дар ин самт бо ҳамкорони мо дар Иттиҳод рушд диҳад”, — изҳор дошт Сарвазир.

Инчунин масъалаҳои навсозии иқтидори транзитӣ – нақлиётӣ, дастгирии МСБ, инчунин гузариш аз содироти ашеи хом ба истеҳсоли маҳсулоти арзиши иловашуда, алахусус дар соҳаи истифодаи оқилонаи захираҳои ҷангал ва коркарди чӯб баррасӣ намуда шуданд.

Дар натиҷаи ҷаласаҳо як қатор ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ ба имзо расиданд, ки стратегияи рушди дарозмуддатро муайян мекунанд:

• Стратегияи рушди илмӣ – технологии ИДМ барои солҳои 2026-2035.

• Стратегияи ҳамкорӣ дар рушди ҷомеаи иттилоотӣ ва иқтисоди рақамӣ барои давраи то соли 2035.

• Стратегияи рақамисозии долонҳои асосии нақлиётии мултимодалӣ.

Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ дар Ашқобод (Туркманистон) дар нимсолаи аввали соли 2026 баргузор мешавад.

Аксҳо: Ҳукумати ҶҚ

error: