Душанбе, 02 октябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Филми коргардони маъруфи эронӣ Шаҳром Мокрӣ таҳти унвони «Ҳаргуши сиёҳ, ҳаргуши сафед» расман ҳамчун номзади Тоҷикистон барои иштирок дар маросими супоридани ҷоизаи байналмилалии киноии «Оскар» дар бахши «Беҳтарин филми бадеии байналмилалӣ» интихоб гардид. Дар ин бора нашрияи амрикоии The Hollywood Reporter иттилоъ медиҳад.

Ин филм дар ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб таҳия гардида, наворбардории он дар Тоҷикистон бо дастгирии Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва ширкати Kornomai Dubai анҷом ёфтааст. Филм бо забонҳои тоҷикӣ ва форсӣ таҳия шуда, дар он ҳунарпешаҳои маъруфи тоҷик ва эронӣ нақшофарӣ мекунанд. Сценарияи филмро Шаҳром Мокрӣ ҳамроҳ бо Насим Аҳмадпур навишта, продюсерии онро Нигор Искандарфар ба уҳда гирифтааст.
Филм аллакай ба дастовардҳои аввалини байналмилалӣ ноил гардидааст: рӯзи 26 сентябр он дар Фестивали байналмилалии кинои Пусан бо ҷоизаи «Нигоҳи байналмилалӣ ба синамои Осиё» сарфароз гардид. Ҳунарпеша Қандил Тоиров, ки дар филм нақш офаридааст, иттилоъ дод, ки моҳи октябр филм дар Фестивали кинои Лондон (BFI) ва Фестивали байналмилалии кинои Чикаго намоиш дода мешавад. Премераи филм 24 сентябр дар кинотеатри «Ватан»-и шаҳри Душанбе баргузор шуд.
Ёдовар мешавем, ки ин нахустин бор аст, ки Тоҷикистон филми миллиро барои иштирок дар ҷоизаи «Оскар» пешниҳод мекунад. Маросими 98-уми супоридани ҷоизаҳои «Оскар» моҳи марти соли 2026 баргузор хоҳад шуд.
АКС: аз манбаъҳои боз