Колумбия пас аз боздошти флотилияи башардӯстона созишномаи тиҷоратиро бо Исроил қатъ мекунад – ИА Караван Инфо
Колумбия пас аз боздошти флотилияи башардӯстона созишномаи тиҷоратиро бо Исроил қатъ мекунад

МОСКВА, 2 октябри соли 2025 АИ «Караван Инфо».  Президенти Колумбия Густаво Петро эълон намуд, ки созишномаи тиҷорати озод бо Исроилро бекор мекунад. Ба гуфтаи вай, намояндагии дипломатии Исроил кишварро пурра тарк хоҳад намуд.

Қарори шадид пас аз он ба амал омад, ки низомиёни исроилӣ киштиҳои флотилияи “Сумуд” (Флотилияи устуворӣ) – ро, ки бо кӯмаки башардӯстона ба Сектори Ғазза мерафт, боздошт намуданд.

Петро хабар дод, ки дар байни боздоштшудагон ду шаҳрванди Колумбия буданд, ки дар яке аз киштиҳо буданд. Қаблан, Вакили Парлумони Аврупо Ҳасан изҳор дошт, ки Исроил тақрибан 70 иштирокчии аксияро боздошт намудааст.

Тибқи маълумоти портали Columbia One, сухан дар бораи Мануэл Бедойя ва Луна Баррето меравад. Президент амалҳои мақомоти исроилро “ҷинояти байналмилалӣ” номид ва ба Вазорати корҳои хориҷии кишвар супориш дод, ки ҳамаи шикоятҳои заруриро, аз ҷумла ба додгоҳи исроил пешниҳод кунад.

Вай инчунин ба ҷомеаи ҳуқуқии ҷаҳонӣ муроҷиат намуд, ки ҷонибдории колумбияро дастгирӣ кунад.

Флотилияи “Сумуд” тобистони соли 2025 бо мақсади рахна намудани муҳосираи Ғазза ташкил намуда шуд. Дар он беш аз 50 суд ва ҳазорҳо фаъолони 44 кишвар, аз ҷумла сиёсатмадорон, ҳомиени ҳуқуқ ва фаъолони ҷамъиятӣ иштирок намуданд. Дар байни боздоштшудагон, тибқи маълумоти мақомоти исроил, экоактивисти швед Грета Тунберг низ ҳаст.

Дар Тел-Авив гуфта мешавад, ки флотилия бо ҳаракати ҲАМАС робита дошт ва ҳадафи он иғво буд. Ҷониби Исроил изҳор дошт, ки омода аст борҳои башардӯстонаро қабул кунад ва онҳоро ба Ғазза қонунӣ супорад, аммо ташкилкунандагон рад намуданд.

Аксҳо: Анадолу

error: