Ҷоми Қазоқистон оид ба конкибозӣ дар Остона баргузор мешавад
Остона, 2 октябри соли 2025-АИ «Караван Инфо». Аз санаи 13 то 15 октябри соли 2025 дар Остона Ҷоми интихобии Қазоқистон оид ба конкибозӣ баргузор мешавад.

Ин мусобиқаи ҷумҳуриявӣ муҳим аст: дар натиҷаи он ҳайати ниҳоии дастаи мунтахаб ташкил намуда мешавад, ки кишварро дар мавсими нав намояндагӣ мекунад ва барои квотаҳои олимпӣ барои Бозиҳо-2026 мубориза мебарад.
Интихоби бозиҳои зимистонаи Олимпии соли 2026 дар чор марҳилаи Ҷоми ҷаҳон (МҶҶ)баргузор мешавад:
• 14-16 ноябр: марҳилаи I, Солт-Лейк-Сити (ИМА).
• 21-23 ноябр: марҳилаи II, Калгари (Канада).
• 5-7 декабр: марҳилаи III, Херенвен (Нидерландия).
• 12-14 декабр: марҳилаи IV, Ҳамар (Норвегия).
Аксҳо: КОМ ҶҚ