ВКХ-и  Қазоқистон Сафири Чинро қабул намуд – ИА Караван Инфо
ВКХ-и  Қазоқистон Сафири Чинро қабул намуд

Остона, 2 октябри соли 2025-АИ «Караван Инфо». Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Ермек Кошербаев бо Сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Қазоқистон Хан Чунлин мулоқот намуд.

Ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои шарикии стратегии Қазоқистон ва Чинро баррасӣ намуда, динамикаи мусбатро дар рушди ҳамкорӣ қайд намуданд.

Ба татбиқи амалии созишномаҳое, ки роҳбарони ду кишвар ба даст овардаанд, диққати махсус дода шуд. Самтҳои афзалиятноки ҳамкории минбаъда:

* ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ,

* ҳамкории сармоягузорӣ,

* ҳамкории транзитӣ-нақлиётӣ,

* рушди робитаҳо дар соҳаи фарҳангӣ ва гуманитарӣ.

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд. Дар бораи идомаи ҳамоҳангсозии зич ва ҳамкорӣ дар доираи сохторҳои бисёрҷониба, ба монанди СММ, созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои эътимод дар Осиё (МҲТЭО) ва формати «Осиёи Марказӣ –Чин»  ба мувофиқа расиданд.

Аксҳо: ВКХ-и ҶҚ

error: