Душанбе, 23 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд 23 сентябр Форуми муколамаи занони Осиёи Марказӣ таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Мавзӯи марказии ин чорабинӣ — «Занон дар иқтисоди «сабз» ва рақамӣ» мебошад.

Бино ба иттилои Кумитаи кор бо занон ва оила назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маркази баррасӣ масъалаҳои тавсеаи ҳуқуқ ва имкониятҳои занон дар рушди иқтисоди «сабз» дар минтақа, дастгирии соҳибкории занон, роҳбарӣ дар бахши иқлим, кишоварзии устувор ва идоракунии самараноки захираҳои табиӣ қарор хоҳанд гирифт. Ҳамзамон, ба масъалаи рақамисозӣ ва рушди малакаҳои рақамии занони Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.
Ҳадафи форум на танҳо дастгирии ташаббусҳо дар соҳаи экология, технология ва соҳибкории устувор, балки ҷалби фаъоли занон ба раванди ислоҳоти иқтисодӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байниминтақавӣ мебошад.
Рӯзи 22 сентябр дар шаҳри Хуҷанд барномаи фарҳангӣ барои иштирокчиёни форум баргузор шуд. Барнома намоишҳои ҳунарӣ ва эҷодиро дар бар гирифт, ки ба густариши ҳамкории минтақавӣ ва боло бурдани нақши занон тавассути санъат ва суннатҳо мусоидат намуд.
Дар чорабинӣ ҳайатҳо аз Қазоқистон ва Қирғизистон иштирок мекунанд, ки далели талоши кишварҳои Осиёи Марказӣ барои пешбурди муштараки баробарии гендерӣ ва ҳамгироии минтақавӣ мебошад.
Ҳамин тариқ, форуми пешистода дар Гулистон ба як минбари муҳим барои мубодилаи андешаҳо, таҳияи роҳҳалҳои нав ва таҳкими нақши занон дар бунёди ояндаи устувори минтақа табдил хоҳад ёфт.
АКС: Кумитаи кор бо занон ва оила назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
