Таҳвили гази табиӣ ва ҳамкории энергетикӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон дар давраи тирамоҳу зимистон баррасӣ шуд – ИА Караван Инфо
Таҳвили гази табиӣ ва ҳамкории энергетикӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон дар давраи тирамоҳу зимистон баррасӣ шуд

Душанбе, 23 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот».  Дар шаҳри Тошканд вохӯрии корӣ байни Вазирони энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор гардид, ки ба масъалаҳои ҳамкории энергетикӣ дар давраи тирамоҳу зимистон бахшида шуда буд.

Дар мулоқот Вазири энергетикаи Тоҷикистон Далер Ҷумъа ва Вазири энергетикаи Узбекистон Ҷурабек Мирзомаҳмудов масъалаҳои асосии ҳамоҳангсозӣ дар соҳаи энергетика, аз ҷумла содирот ва воридоти неруи барқ барои давраи тирамоҳу зимистони 2025–2026 ва имкониятҳои таҳвили гази табиӣ аз Узбекистон ба Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.

Тарафҳо аҳамияти ҳамкории ҳамоҳангро барои таъмини таъмини боэътимоди энергияи барқӣ ва идораи устувори низоми энергетикӣ дар давраи зимистон таъкид карданд.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

error: