Душанбе, 22 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Делегация таҳти роҳбарии Шарифҷон Ҷумозода рушди идораи маҳалл ва лоиҳаҳои навро дар деҳот баррасӣ мекунад.

Делегацияи Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси Кумитаи рушди маҳаллӣ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифҷон Ҷумозода дар Намоиши ҷаҳонии вазирони Семаул ва саммити роҳбарони Семаул, ки дар шаҳри Кенҷуи Ҷумҳурии Корея баргузор мешавад, иштирок мекунад. Барнома аз 17 сентябр шурӯъ шуда, то 19 сентябр идома меёбад, иттилоъ медиҳад НИАТ «Ховар» бо такя ба Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Тоҷикистон.
Намоиши ҷаҳонии вазирони Семаул – як форуми байналмилалӣ аст, ки дар он вазирон ва роҳбарони идораҳои маҳаллӣ аз кишварҳои гуногун ҷамъ меоянд, то таҷриба мубодила кунанд, усулҳои нави идоракуниро муҳокима кунанд ва лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи рушди маҳаллӣ баррасӣ кунанд.
Дар доираи саммит вохӯрии раиси Кумитаи рушди маҳаллӣ бо президенти Маркази Семаул Ундонг Ким Кванг Лим баргузор гардид. Дар ин вохӯрӣ ҷонибҳо дурнамоҳои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи рушди маҳаллӣ, татбиқи лоиҳаҳои нав барои ноҳияҳои деҳотии Тоҷикистон, ташкили давраҳои бозомӯзии мутахассисони соҳа ва дигар самтҳои афзалиятноки ҳамкориро баррасӣ карданд.
Иштироки Тоҷикистон дар чунин форумҳои байналмилалӣ омодагии кишварро барои мубодилаи таҷриба, ҷорӣ намудани таҷрибаҳои муосири идора дар сатҳи маҳаллӣ ва тақвияти робитаҳои шарикӣ бо кишварҳо ва созмонҳои пешрафтаи ҷаҳон собит мекунад.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Тоҷикистон