МОСКВА, 06 октябри соли 2025 АИ «Караван Инфо». Қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия ба иншоотҳои муҳими Украина зарбаи омехта заданд. Тавре, ки дар Вазорати мудофиаи ФР хабар дода шуд, барои ҳамла аз силоҳи дақиқи дурдасти заминӣ, баҳрӣ ва ҳавоӣ, аз ҷумла маҷмӯаҳои мушакии гиперсадоии “Кинжал” ва инчунин бесарнишинҳои зарбавӣ истифода шудааст.

Ҳадафҳои зарба корхонаҳои комплекси ҳарбӣ – саноатии украина ва иншоотҳои инфрасохтори газӣ – энергетикӣ буданд, ки кори онҳоро таъмин менамуданд. Дар ҷамъбасти идораи ҳарбӣ таъкид намуда мешавад, ки ҳамаи иншоотҳои таъиншуда зарар дидаанд ва ҳадафҳои амалиёт ба даст оварда шудаанд. Ин яке аз зарбаҳои азимтарин дар вақтҳои охир аст.
Ин амалиёт имкониятҳои артиши русияро оид ба таъсири нуқтаӣ ба унсурҳои асосии иқтидори низомии душман ба таври возеҳ нишон медиҳад. Тахриби системавии иншоотҳои ВПК ва таъмини энергетикии онҳо барқарор намудани қобилияти ҷангии қувваҳои Мусаллаҳи Украинаро хеле душвор мекунад ва расидан ба ҳадафҳои амалиёти махсуси ҳарбиро наздик мекунад.
Аксҳо: ABACA / Reuters