Душанбе, 06 октябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Тоҷикистон ҳамкориҳои худро бо Қирғизистон ва Федератсияи Русия дар соҳаи мубориза бо коррупсия васеъ менамояд. Дар ин замина як қатор ҳуҷҷатҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд, ки ба таҳкими робита ва табодули таҷриба миёни мақомоти ваколатдор равона шудаанд.

3 октябр дар шаҳри Ереван (Арманистон), дар доираи Иҷлосияи 10-уми Шӯрои байнидавлатии мубориза бо коррупсияи кишварҳои узви ИДМ, Ёддошти тафоҳум миёни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Қирғизистон ба имзо расид.
Ҳуҷҷатро директори Агентӣ Сулаймон Султонзода ва Прокурори генералии Қирғизистон Максат Асаналиев имзо карданд.
Ёддошти тафоҳум бар асоси принсипҳои суверенитет, истиқлолияти миллӣ, баробарӣ ва манфиатҳои мутақобила таҳия шуда, татбиқи он ба таҳкими робитаҳои байни мақомоти дахлдори ду кишвар ва рушди муносибатҳои дӯстона мусоидат хоҳад кард.
Дар ҷараёни ҳамоиш ҳамчунин вохӯрии Сулаймон Султонзода бо муовини Прокурори генералии Федератсияи Русия Пётр Городов баргузор гардид.
Дар натиҷа, Барномаи ҳамкорӣ миёни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Федератсияи Русия барои солҳои 2026–2027 ба имзо расид.
Ин барнома ба густариши ҳамкорӣ дар самтҳои табодули иттилоъ ва таҷрибаи пешқадам, омӯзиши кадрҳо, инчунин гузаронидани таҳлилҳои муштарак ва чорабиниҳои омӯзишӣ равона шудааст.
Ҷонибҳо изҳор доштанд, ки таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи мубориза бо коррупсия омили муҳими таъмини субот ва рушди устувори ҷомеа мебошад.
Имзои ҳуҷҷатҳои мазкур заминаи нав барои лоиҳаҳои муштарак, такмили механизмҳои ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатӣ фароҳам меорад.
Акс: Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон