Тоҷикистон ва Башкортостан ҳамкориҳои иқтисодию гуманитариро тақвият медиҳанд – ИА Караван Инфо
Тоҷикистон ва Башкортостан ҳамкориҳои иқтисодию гуманитариро тақвият медиҳанд

Душанбе, 06 октябр, – АИ «Корвон Иттилоот».  Дар шаҳри Душанбе мулоқоти Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Сарвазири Ҷумҳурии Башкортостани Федератсияи Русия Андрей Назаров, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дошт, баргузор гардид.

Дар ҷараёни музокирот ҷонибҳо ҷараён ва дурнамои ҳамкориро дар соҳаҳои энергетика, саноат, кишоварзӣ, нақлиёт, маориф ва фарҳанг баррасӣ карданд.
Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаи таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ зоҳир гардид, ки татбиқи онҳо метавонад ба рушди истеҳсолот, афзоиши гардиши мол ва ҷалби сармояи нав мусоидат намояд.

Қайд шуд, ки амалисозии чунин лоиҳаҳо барои тақвияти робитаҳои иқтисодӣ ва таҳкими ҳамкории байниминтақавӣ аҳамияти стратегӣ дорад.

Ҷонибҳо таъкид намуданд, ки ин мулоқот идомаи мантиқии сиёсати созанда ва ҳамкории наздики сарони ду давлат мебошад, ки ба тақвияти муносибатҳои иттифоқӣ ва стратегӣ миёни Тоҷикистон ва Федератсияи Русия нигаронида шудааст.

Таъкид гардид, ки ҳамкории фаъол миёни минтақаҳо, аз ҷумла бо Ҷумҳурии Башкортостан, ҷузъи муҳими рушди иқтисодию фарҳангии байнидавлатӣ ба ҳисоб меравад.

Дар анҷоми мулоқот миёни ҷонибҳо табодули назар оид ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак сурат гирифт, ки ба рушди ҳамкориҳои минтақавӣ, иштироки соҳибкорон дар форумҳои сармоягузорӣ ва тавсеаи робитаҳои таълимӣ ва фарҳангӣ бахшида шуда буд.

Акс: Дастгоҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

error: