Дар Душанбе дуюми Синамоҷашнвораи байналмилалии «Тоҷи Сомон» баргузор мегардад – ИА Караван Инфо
 Дар Душанбе дуюми Синамоҷашнвораи байналмилалии «Тоҷи Сомон» баргузор мегардад

Душанбе, 06 октябр, – АИ «Корвон Иттилоот».  Дар Душанбе аз 15 то 20 октябр бахшида ба Рӯзи кинои тоҷик (16 октябр) дуюми Синамоҷашнвораи байналмилалии Душанбе — «Тоҷи Сомон» таҳти шиори «Таърихи рушди тоҷикон» баргузор мешавад. Дар ин хусус Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар дод.

Дар назар аст, ки дар ҷашнвора меҳмонон аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Осиё ва Аврупо иштирок хоҳанд кард.

Дар доираи ҷашнвора барномаҳои гуногун пешбинӣ шудаанд: ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳо, рӯнамоии лоиҳаҳои синамоӣ — филмҳои тасвирӣ, ҳунарӣ ва мустанад, ҳамоиш бо иштироки намояндагони маъруфи кинои кишварҳои хориҷӣ, нишастҳои матбуотӣ ва дарси «Устод ва шогирд».

Ҳамчунин рӯзҳои кинои Федератсияи Русия, Эрон, Ҳиндустон, Қирғизистон ва Туркманистон дар Тоҷикистон баргузор мешаванд.

Мақсад аз баргузории ҷашнвора дастгирии ҷавонони эҷодкор, ҷалби таваҷҷуҳ ба арзишҳои миллӣ, табодули таҷриба, омӯхтани филмҳои ватанию хориҷӣ, таҳияи лоиҳаҳои муштарак, муаррифии маконҳои сайёҳӣ ва тарғиби дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва таҳкиму тавсеаи робитаҳои байналмилалӣ дар соҳаи кино мебошад.

Ёдовар мешавем, ки Синамоҷашнвораи байналмилалии Душанбе — «Тоҷи Сомон» ҳар ду сол як маротиба баргузор мешавад. Синамоҷашнвораи якум соли 2023 доир шуда буд.

АКС: Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»

error: