Душанбе, 04 октябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар доираи ҷаласаи 38-уми Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии кишварҳои узви ИДМ, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, Вазири тандурустии Қазоқистон Акмарал Алназарова ва Вазири тандурустии Узбекистон Асилбек Худоёров аз Муассисаи давлатии «Истиқлол» боздид карданд ва бо таҷрибаи пешқадами табибони тоҷик шинос шуданд.

Муассисаи давлатии «Истиқлол» имрӯз яке аз калонтарин ва муосиртарин марказҳои тиббии кишвар маҳсуб мешавад. Ин ҷо мутахассисони варзида ва таҷҳизоти замонавӣ ҷамъ оварда шудаанд, ки ба ташхис ва муолиҷаи беморон дар сатҳи баланд мусоидат менамоянд.
Ҳангоми боздид, ба меҳмонон фаъолияти як қатор шуъбаҳои беморхона муаррифӣ гардид. Хусусан, таваҷҷуҳи онҳо ба амалиёти нодири ҷарроҳии майнаи сар ҷалб шуд, ки аз ҷониби ҷарроҳони тоҷик бо истифодаи таҷҳизоти баландтехнологӣ анҷом дода мешаванд. Татбиқи чунин навовариҳо ба шарофати тайёрии системавии кадрҳо ва бозомӯзии онҳо дар марказҳои пешбари тиббии хориҷӣ имконпазир гардид.
Ин боздид на танҳо сатҳи баланди хизматрасонии тиббиро дар Тоҷикистон нишон дод, балки аҳамияти мубодилаи таҷриба байни кишварҳои ИДМ-ро низ таъкид намуд. Чунин мулоқотҳо барои таҳкими ҳамкорӣ ва татбиқи таҷрибаи беҳтарин ба манфиати саломатии миллионҳо шаҳрвандони минтақа замина фароҳам меоранд.
ФОТО: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон