Душанбе, 07 октябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Сенздаҳ корхонаи коркарди хушкмеваи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар яке аз маъруфтарин ва бонуфузтарин намоишгоҳҳои ҷаҳонӣ — «Anuga-2025», ки аз 4 то 8 октябр дар шаҳри Кёлни Олмон баргузор мешавад, иштирок доранд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Иштироки ширкатҳои тоҷик дар ин намоишгоҳ дар доираи лоиҳаи Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ) — «Пешбурди тиҷорат дар Шарқ: Кишварҳои Балкан ва Осиёи Марказӣ» (TPE) сурат гирифта, аз ҷониби ҳамкори Швейтсария — Swiss Cooperation — Tajikistan маблағгузорӣ мешавад.
Тибқи иттилои манбаъ, ҳадафи асосии ин иқдом — пешбурди маҳсулоти рақобатпазири тоҷикӣ дар бозори ҷаҳонӣ, муаррифии имкониятҳои истеҳсолӣ ва содиротии Тоҷикистон, инчунин ҷалби сармоя ва шарикони нави тиҷоратӣ мебошад.
Ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳ бо шиори «Лаззати табиӣ аз дилҳои кӯҳистон» оро дода шуда, меҳмонони зиёдеро аз кишварҳои гуногун ҷалб менамояд.
Ширкатҳои ватанӣ дар доираи намоишгоҳ маҳсулоти гуногуни худро, аз ҷумла зардолуи хушк, мавиз, бодом, анҷир ва олучаи хушкро, ки бо сифати баланд ва таъми табиӣ машҳуранд, пешкаш менамоянд.
Ба гуфтаи намояндагони Палатаи савдо ва саноат, ҳузури ширкатҳои тоҷик дар чунин сатҳи байналмилалӣ на танҳо таблиғи маҳсулоти органикии кишвар, балки тақвияти имиҷи Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои иқтидори табиӣ ва истеҳсолии баланд мебошад.
Намоишгоҳи байналмилалии «Anuga» яке аз бузургтарин чорабиниҳои соҳаи ғизо ва нӯшокиҳо дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Он дорои таърихи беш аз садсола буда, ҳамасола даҳҳо ҳазор ширкат ва меҳмонон аз беш аз 100 кишвар дар он иштирок мекунанд.
«Anuga» макони вохӯрии намояндагони пешбари саноати хӯрокворӣ буда, фурсатҳои арзанда барои мубодилаи таҷриба, бастани шартномаҳои тиҷоратӣ ва шиносоӣ бо тамоюлоти нави бозори ҷаҳонӣ фароҳам меорад.
Муттахассисони соҳа бар онанд, ки иштироки ширкатҳои тоҷик дар чунин намоишгоҳҳо далели пешрафти соҳаи агросаноатии мамлакат, баланд шудани сатҳи рақобатпазирии маҳсулоти миллӣ, ва самтгирии иқтисоди кишвар ба содирот мебошад.
Онҳо таъкид менамоянд, ки дастгирии давлатии соҳа, аз ҷумла тавассути грантҳо ва лоиҳаҳои рушди тиҷорат, ба ширкатҳои ватанӣ имкон медиҳад, то дар бозорҳои байналмилалӣ мавқеи устувор пайдо кунанд.
АКС: Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон