Душанбе, 07 октябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар пойтахт конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсияҳо – тақозои замон» баргузор гардид. Чорабинӣ бо ташаббуси Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки пасандозии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”» ва Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Ин иқдом дар доираи ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки солҳои 2025–2030-ро «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсияҳо» эълон намудааст, роҳандозӣ гардид.
Роҳбарияти «Амонатбонк» дар ҷараёни конфронс таъкид намуд, ки рақамисозии соҳаҳои иқтисод барои тақвияти низоми молиявӣ, таъмини амният ва шаффофият, ҳамчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои татбиқи инноватсияҳо нақши калидӣ дорад.
Гуфта шуд, ки Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2023 «Дар бораи чораҳо ҷиҳати васеъ намудани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» ба рушди хизматрасониҳои рақамӣ дар идораҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ такони ҷиддӣ бахшид.
Дар конфронс намояндагони сохторҳои давлатӣ, Бонки миллии Тоҷикистон, ташкилотҳои қарзӣ, операторони мобилӣ ва ширкатҳои IT дар бораи равандҳои рақамисозӣ, имкониятҳои пардохтҳои ғайринақдӣ ва лоиҳаҳои миллии инноватсионӣ суханронӣ карданд.
Зикр гардид, ки тақвияти иқтидори илмӣ-техникӣ ва татбиқи ҳукумати электронӣ аз ҷумлаи самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ мебошанд, ки ба гузариш ба модели инноватсионии рушди иқтисод нигаронда шудаанд.
Иштирокдорон зарурати ҳамкории васеъ миёни давлат, муассисаҳои молиявӣ ва бахши хусусӣ-ро барои таҳкими равандҳои рақамисозӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ таъкид намуданд.
АКС: Бонки пасандозии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”