Вохӯрии раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо ҳайати Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд – ИА Караван Инфо
Вохӯрии раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо ҳайати Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд

Душанбе, 07 октябр, – АИ «Корвон Иттилоот». 3 октябри соли равон раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо ҳайати Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд таҳти роҳбарии директори бахши муассисаҳои молиявии БАТР оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва Туркия ҷаноби Георгий Орлов мулоқот намуд.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ҳайати Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушдро бо вазъи макроиқтисодӣ ва низоми бонкии мамлакат шинос намуда, баён дошт, ки новобаста ба сатҳи баланди номуайянии иқтисодӣ дар минтақа нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва низоми бонкии кишвар муътадил боқӣ мемонанд.

Ҷонибҳо дар мулоқот масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар доираи лоиҳаҳои Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар бахши молиявӣ, аз ҷумла дастгирии лоиҳаҳои соҳибкории хурду миёна, занони соҳибкор, ҷавонон, ташаббусҳои “иқтисоди сабз”, ҳамчунин рушди бозорҳои молияву сармоя ва такмили механизми самараноки сиёсати пулию қарзиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар мулоқот инчунин оид ба рушди бозори суғуртаи мамлакат табодули назар сурат гирифта, қабули «Стратегияи рушди низоми суғурта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029» заминаи муҳим барои ислоҳот ва ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ гардонидани соҳа дониста шуд.

Зимнан қайд гардид, ки ҳамкорӣ байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар ин самт ба тақвияти иқтидори идораи назорати суғуртавӣ ва татбиқи намудҳои хизматрасонии суғуртавӣ мусоидат хоҳад кард.

Дар маҷмуъ, мулоқот дар фазои хуби ҳамдигарфаҳмӣ доир гардида, ҷонибҳо барои идомаи татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок ва рушди устувори низоми молиявии кишвар омодагии худро изҳор доштанд.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

error: