Ин иқдом ба таҳкими арзишҳои шаҳрвандӣ ва эҳтиром дар ҷомеа равона шудааст.
Душанбе, 07 октябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе бо иштироки роҳбарияти милитсияи пойтахт маросими ҷамъбасти озмуни «Беҳтарин навори тарбиявӣ» баргузор гардид. Ҳадафи озмун — ташаккули фарҳанги рафтор, эҳтиром ба калонсолон ва баланд бардоштани ҳисси масъулияти шаҳрвандон дар роҳҳо мебошад.

Ба озмун 60 навори тарбиявӣ пешниҳод гардид, ки ба масъалаҳои одоби ҷамъиятӣ, ахлоқи шаҳрвандӣ ва амнияти ҳаракат бахшида шудаанд. Тибқи арзёбии ҳайати ҳакамон, ғолибон дар се номинатсия муайян шуданд.
Дар бахши «Эҳтиром ба насли калонсол» ҷойи аввал насиби Одинаев Фатҳиддин, ҷойи дуюм — Қаюмов Наврӯзҷон ва ҷойи сеюм — Раҳимов Зикрие гардид.
Дар номинатсияи «Фарҳанги рафтори шаҳрӣ» ҷойҳои ифтихориро Мироҷиддинов Баҳром (ҷои I), Мусоев Ғолиб (ҷои II) ва Шарипов Дилшод (ҷои III) соҳиб шуданд.
Дар бахши «Фарҳанги идораи воситаи нақлиёт» ҷойи аввалро Каримов Ҷамшед, дуюмро Бозоров Рустам ва сеюмро Бобоев Ромиш гирифтанд.
Ғолибон бо диплом ва мукофотҳои пулӣ — 18, 12 ва 10 ҳазор сомонӣ сарфароз гардонида шуданд.
Ба гуфтаи масъулони милитсияи пойтахт, баргузории чунин озмунҳо ба баланд бардоштани ҳисси масъулияти иҷтимоӣ ва эҳтироми қонун мусоидат мекунад. Онҳо бар ин назаранд, ки ташаббусҳои фарҳангиву тарбиявӣ метавонанд муҳити шаҳриро солимтар ва амнтар гардонанд.
АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе