Қазоқистон ва Озарбойҷон фазои ягонаи сайёҳии Каспийро таъсис медиҳанд – ИА Караван Инфо
Қазоқистон ва Озарбойҷон фазои ягонаи сайёҳии Каспийро таъсис медиҳанд

ОСТОНА, 24 октябр АИ «Караван Инфо». Дар Остона форуми тиҷоратии “Қазоқистон Озарбойҷон: ҳамкории иқтисодӣ дар шароити рушди зеҳни сунъӣ ва ташаббусҳои саноатӣ” баргузор шуд, ки намояндагони сохторҳои давлатӣ ва тиҷорати ду кишварро ҷамъ овард.

Раиси Кумитаи саноати сайёҳӣ МТС ҶҚ Нуртас Карипбаев бо суханони хуш суханронӣ намуда, таъкид кард: “Каспий дигар марз нест, балки як фазои ягонаи сайёҳӣ мегардад, ки фарҳанг, табиат ва навовариҳоро муттаҳид мекунад”.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки хатсайри муштараки сайёҳии каспийро, ки экотуризм, самтҳои фарҳангӣ – маърифатӣ ва табобатӣ-солимгардонӣ, инчунин сайёҳии гастрономикӣ ва рӯйдодҳоро дар бар мегирад, рушд диҳанд.

Диққати махсус ба рақамисозӣ дода шудааст Қазоқистон харитаи виртуалии сайёҳро ҷорӣ намуд ва дар оянда имконпазир аст, ки фазои умумии рақамии Каспий бо унсурҳои зеҳни сунъӣ сохта шавад.

Дар доираи форум Меморандуми ҳамдигарфаҳмӣ байни AZPROMO, Alakol Medical Tourism ва Фонди “Даму” ба имзо расид, ки барои густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар сайёҳӣ асос хоҳад буд.

Аксҳо: Вазорати Сайёҳии ҶҚ

error: