Чин ИМА-ро дар ҳамлаҳои киберӣ ба маркази миллии вақт айбдор намуд – ИА Караван Инфо
Чин ИМА-ро дар ҳамлаҳои киберӣ ба маркази миллии вақт айбдор намуд

МОСКВА, 21 октябри соли 2025 АИ «Караван Инфо». Мақомоти Чин Агентии амнияти милли-и (ААМ) ИМА -ро дар ҳамлаҳои чандинсолаи киберӣ ба маркази миллии хадамоти вақт (ММХВ), як муассисаи калидӣ, ки барои нигоҳ доштани вақти расмӣ дар кишвар масъул аст, айбдор намуданд.

Вазорати амнияти давлатии Чин изҳор дошт, ки аз моҳи марти соли 2022 далелҳои раднашавандаи дахолати ААМ дорад.

Тибқи иттилои вазорат, ААМ осебпазириро дар хидматҳои паёмнависии истеҳсолкунандаи смартфони хориҷӣ барои дастрасӣ ба дастгоҳҳои мобилии кормандони ММХВ истифода намудааст.

Илова бар ин, дар давраи аз августи соли 2023 то июни соли 2024, ААМ 42 асбоби гуногуни ҳамлаҳои киберӣ барои ворид шудан ба системаҳои шабакавии дохилии марказ ва кӯшиши рахна намудани системаи дақиқи заминӣ барои ҳамоҳангсозии вақт истифода бурд.

Вазорат таъкид намуд, ки чунин мудохилаҳо метавонанд ба нокомӣ дар инфрасохтори муҳим, аз ҷумла шабакаҳои коммуникатсионӣ, системаҳои молиявӣ ва таъминоти барқ оварда расонанд

ММХВ, ки таҳти сарпарастии академияи илмҳои Чин фаъолият мекунад, дар таъмини вақти дақиқ барои соҳаҳои гуногун, аз ҷумла алоқа, энергетика, нақлиёт ва мудофиа нақши марказӣ дорад. Ҳар гуна қонуншиканӣ дар кори он метавонад ба амнияти миллӣ таъсири ҷиддӣ расонад.

Дар посух ба иттиҳомот, ААМ шарҳи расмӣ надод. Ин ҳодиса ташаннуҷро дар фазои киберӣ байни ду қудрати ҷаҳонӣ, ки қаблан якдигарро дар ҷосусии киберӣ ва дахолат ба инфрасохтори муҳим айбдор менамуданд, афзоиш медиҳад.

Вазорати амнияти давлатии Чин итминон дод, ки барои ҳифзи вақти миллӣ ва пешгирии чунин ҳодисаҳо дар оянда чораҳо андешидааст.

Аксҳо: Манбаъҳои кушода

error: