МОСКВА, 18 октябри соли 2025 АИ «Караван инфо». Президенти Русия Владимир Путин рӯзи ҷумъа бо аъзои Доимии Шӯрои амният ҷаласаи навбатии амалиётӣ баргузор намуд.

Иштирокчиён масъалаҳои амнияти миллӣ, сиёсати хориҷӣ ва вазъи кунунии байналмилалиро, аз ҷумла вазъи Шарқи Наздик ва Украинаро баррасӣ намуданд.
МАЪЛУМОТ: Шӯрои Амнияти Русия мақоми калидии ҳамоҳангсозӣ мебошад, ки дар он қарорҳои стратегӣ дар соҳаи мудофиа, амният ва сиёсати хориҷӣ қабул намуда мешаванд.
Бори охир маҷлиси оперативии Шӯрои Амният дар охири моҳи сентябр баргузор шуд, вақте, ки президент масъалаҳои таҳкими сарҳади давлатӣ ва мубориза бо таҳдидҳои кибериро баррасӣ намуд. Он замон Сарвари давлат таъкид намуд, ки “дар шароити муосир нақши Шӯрои амният танҳо меафзояд”.
Ба ҳайати аъзои доимии Шӯрои Амният сарвазир Михаил Мишустин, раисони ҳарду палатаи парлумон, роҳбарони идораҳои қудратӣ, роҳбарони ВКХ ва маъмурияти президент дохил мешаванд.
Тибқи маълумоти манбаъҳо, формати чунин машваратҳо ба Сарвари давлат имкон медиҳад, ки ба мушкилот зуд вокуниш нишон диҳад ва қарорҳое қабул кунад, ки иҷрои фаврии онҳоро талаб мекунанд.
Аксҳо: Хадамоти Матбуоти Кремл
