Остона, 25 ноябри соли 2025 АИ Караван Инфо. Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Арман Исетов Сафири Конфедератсияи Швейтсария Салмон Балро ба муносибати анҷоми рисолати дипломатии худ дар Қазоқистон қабул намуд.

Зимни суҳбат дипломатҳо масъалаҳои мубрами рӯзномаи дуҷонибаро баррасӣ намуда, динамикаи мусбати муколамаи сиёсӣ ва густариши ҳамкориҳоро дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангию гуманитарӣ қайд намуданд.
Ба сафари кории ояндаи Ноиби президенти Швейтсария Ги Пармелан ба Остона, ки дар ҷаласаи 5-уми шӯрои Тиҷоратии “Қазоқистон-Швейтсария” иштирок мекунад, диққати махсус дода шуд.
Мусоҳибон ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар якчанд соҳаҳои асосӣ таваҷҷӯҳи тарафайн зоҳир намуданд:
• Рақамикунонӣ.
• Нақлиёт ва логистика.
• Маориф.
• Дипломатияи обӣ.
Сафир Салмон Бал ба ҷониби қазоқистон барои ҳамкории судманд ташаккур гуфт ва иқтидори баланди таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаро таъкид намуд.
Дар анҷоми мулоқот Арман Исетов ба Сафир барои саҳми ӯ дар рушди ҳамкории қазоқистону швейтсария изҳори сипос намуд ва ба ӯ аз номи Вазири корҳои хориҷии ҶҚ Ермек Кошербаев ифтихорнома супорид.
Аксҳо: ВКХ ҶҚ
